Мулоқоти судманд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

17 октябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Рустам Назарзода муовини сардори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳо хонум Франсис Вугтли ва Директори минтақавии Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон ҷаноби Шинан Кассамро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ рушди ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ шуд.

Сарвари КҲФ бо таъкид бар сатҳи баланди ҳамкориҳо дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария, дар бораи корҳо дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт сухан ронд.

Меҳмонон барои пазироии гарм ва суҳбати созанда изҳори сипос намуда, ба фаъолияти КҲФ Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси мутахассисон изҳори умедворӣ карданд.

 

барчасп: