Сокинони аз офат зарардидаи деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби биноҳои нав шуданд

18 октябри соли 2024 маросими ба истифода додани хонаҳои сохташуда барои аҳолии деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода, сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Додиён Б. ва наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Зарафшон иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибони хонаҳо калиди биноҳои нави истиқоматиро супорида, бо шароити манзили утоқҳо шинос шуд. Барои сохтмони 15 бинои истикоматй ба ҳар як хоҷагй майдони 3,5 сотих замин ҷудо карда шуд. Биноҳои нави истиқоматӣ тибқи лоиҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ барои зиндагӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар ин чо низ дар муддати кутоҳ хатти алоҳидаи барқ ва хати оби нушокй гузаронда, роҳҳои нақлиёт ва пиёдагардон сохта, асфалтпӯш карда шуданд.

Мутахассисони Кумита аз рӯзҳои аввали офати табиӣ ба корҳои наҷот саргарм шуда, ба зарардидагон кумак расонида, мизони хисоротро муайян намуданд ва дар корҳои бартарафсозӣ ва барқарорсозӣ иштирок намуданд.

Бар асари офати табиии сел, ки 13 июли соли 2024 дар деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод, 53 бинои истиқоматӣ осеб дида, аз он 7 хона пурра хароб гардид, 8 хона қисман осеб дида, 38 бинои ёрирасон низ хароб шуда, як бинои мактаб, 26 километр роҳи мошингард, 88 километр хати барқ, 15,5 километр хати интиқоли об ва заҳбурҳо, 18,93 гектар замини кишт хароб шудааст.

Маблағи зарар 5 миллиону 526 ҳазору 762 сомониро ташкил додааст. Ба шарофати сари вақт андешидани тадбирҳои наҷот ва интиқоли аҳолӣ ба макони амн ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Хисороти моддие, ки дар натиҷаи офати табиӣ ба аҳолӣ расонида шудааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра барқарор карда шуд.

барчасп: