Сарбози наҷот

Наҷоти “кӯҳнавард” дар Хатлон

Кӯҳнавардӣ ҳам дарси маҳорат дорад, вале баъзе касон гумон мекунанд доштани қувваву неру басанда аст, ки ба сахраҳои азим боло шаванд ва қуллаи пеши рӯро фатҳ кунанд. Сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён низ кӯҳбароиро саҳл мепиндошт, вале чун боло шуд, ба ҷойе расид, ки на маҷоли боло рафтан дошт ва на ҷуръати поин омадан. Ва агар телефони мобилиашро бо худ намедошт, кӣ медонад ҳолат чӣ мешуд.

Боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни боздидаш аз қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шароити хизмати сарбозон ва ба вижа наваскарон аз наздик ошно шуд, ба сатҳи маълумот, вазъи оилавии наваскарон мароқ зоҳир кард ва аз командирон талаб намуд, ки ба рафторҳои ғайринизомномавӣ дар қисмњои ҳарбӣ роҳ надиҳанд ва аз зертобеъони худ риояи қатъии интизоми ҳарбиро талаб намоянд.

Тантанаҳои идонаи сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Рашт донишҳои назариявии ду моҳи ахир омӯхтаи худро дар як дарси амалӣ санҷиданд. Онҳо бо воситаҳо ва техникаи наҷотдиҳӣ аз наздик шинос шуданд.

Бо мақсади омӯзиши малакаҳои фаъолияти наҷот, ҳамчунин  шинос намудан бо техникаи махсус ба сарбозони даъвати

Дарсҳои аввалин барои наваскарони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуруъ шуданд

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт дарсҳои аввалин барои наваскарон баргузор гардиданд.

Дар аввалин машғулият ба наваскарон дар бораи таърихи мудофиаи гражданӣ, таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳадафҳо ва вазифаҳои Кумита маълумот доданд.

Наҷоти ду коргари сохтмон дар маҳалли 61-уми Душанбе

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду коргари сохтмонро, ки ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ қариб буд аз ошёнаи ҳаштуми бино сарозер шаванд,  наҷот додаанд.

Ин ҳодиса дар маҳаллаи 61-уми пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе рух дод. Ду корманди сохтмон дар як бинои

Страницы