Генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни боздидаш аз қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шароити хизмати сарбозон ва ба вижа наваскарон аз наздик ошно шуд, ба сатҳи маълумот, вазъи оилавии наваскарон мароқ зоҳир кард ва аз командирон талаб намуд, ки ба рафторҳои ғайринизомномавӣ дар қисмњои ҳарбӣ роҳ надиҳанд ва аз зертобеъони худ риояи қатъии интизоми ҳарбиро талаб намоянд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард.
Дар доираи сафари корӣ Сарвари идораи наҷоти кишвар аз сарбозхонаҳо дидан намуд, сатҳи дониши хизматчиёни ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои хизматии онҳоро санҷид, бо вижагиҳои ташкили хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ шинос шуд.
Раиси Кумита ҳамчунин пойгоҳи таълимиву моддии қисмҳои ҳарбиро санҷид ва ба командирон супоришҳо дод. Барои самаранок ва комилу пурра иҷро намудани корҳои ҷорӣ вазифаҳои муайян гузошта шуданд.
Сафари кории Раиси Кумита бо тафтиши вазъи беҳдошт дар ошхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ ба поён расид. Раиси Кумита ҳамчунин бо наваскарони қисмҳои ҳарбӣ дар фазои озод ҳамсӯҳбат шуд ва ба маълумот, ихтисос ва вазъи оилавиву хонаводагии онҳо мароқ зоҳир кард.
Сарвари Кумита як бори дигар ба рияои қатъии интизоми ҳарбӣ ва муқаррароти Низомномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъкид намуд, наваскаронро ба муттаҳидӣ ва омодагӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда даъват кард ва командирони қисмҳои ҳарбӣ талаб намуд, ки ба муносибатҳои ғайринизомномавӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ роҳ надиҳанд, ба робитаҳо бо волидони наваскарон таваҷҷӯҳи хоса дошта бошанд.