Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт дарсҳои аввалин барои наваскарон баргузор гардиданд.
Дар аввалин машғулият ба наваскарон дар бораи таърихи мудофиаи гражданӣ, таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳадафҳо ва вазифаҳои Кумита маълумот доданд. Ҳамчунин ба онҳо талаботи риояи интизоми ҳарбӣ фаҳмонида шуд.
Сардори Ситод дар минтақаи Рашт, майор С. Маҳмудов, намояндагони фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ аз сарбозони ҷавон ва мудофиини Ватан даъват карданд қарзи ҳарбии худро бошарафона иҷро кунанд, мардонавор аз озодиҳо, истиқлолият ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар дифоъ намоянд.
Муддати як моҳ зери роҳбарии афсарони пуртаҷриба бо наваскарон оид ба мавзуъҳои муҳими омӯзишӣ, аз ҷумла омодагии ҳарбӣ, тактикӣ, муҳандисӣ ва тиббӣ дарсҳо гузаронида хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки аксари дарсҳо дар майдонҳои машқ мегузаранд ва ҳамчунин низоми умумии ҳарбӣ ва асосҳои бехатарии хизмати ҳарбӣ низ омӯзонида мешаванд.