Сарбозони муҳлатрасида ҷавоб шуданд
Чоп шуд: 14/10/2017 | admin«Хизмат басо зуд гузашт ва гумон мекунам хеле осон ҳам буд. Лаҳзаҳои хотирмони зиёде ҳастанд, ки дар ёдамон мемонад. Дар ин муддат мо хуб обутоб ёфтем, аз ҷавони навхати дирӯз ба як мудофеи амнияти мардуму марзу буми Ватан табдил ёфтем. Ҳамдигарро хуб шинохтем, дӯстони нав пайдо кардем ва мураббиёни хуб барои зиндагӣ аз ҷумлаи афсарон низ пайдо кардем. Дарси садоқате, ки аз онҳо омӯхтем