«Хизмат басо зуд гузашт ва гумон мекунам хеле осон ҳам буд. Лаҳзаҳои хотирмони зиёде ҳастанд, ки дар ёдамон мемонад. Дар ин муддат мо хуб обутоб ёфтем, аз ҷавони навхати дирӯз ба як мудофеи амнияти мардуму марзу буми Ватан табдил ёфтем. Ҳамдигарро хуб шинохтем, дӯстони нав пайдо кардем ва мураббиёни хуб барои зиндагӣ аз ҷумлаи афсарон низ пайдо кардем. Дарси садоқате, ки аз онҳо омӯхтем фаромӯшношуданист”.
Охири ҳафта дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии ба эҳтиёт ҷавоб додани сарбозоне баргузор шуд, ки муҳлати адои хизматашон ба анҷом расидааст.
Гусели сарбозон тибқи Фармони Президени кишвар “Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд” гузаронида шуд.
Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ сафороии ҳайати шахсӣ баргузор шуд, ки дар он аз номи роҳбарияти Кумита сарбозони муҳлати хизматашон ба анҷомрасидаро муборакбод карданд. Ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳарбӣ, медалҳо ва ифтихорномаҳо тақдим шуданд. Тибқи анъанаи дерин сарбозони ба эҳтиёт рухсатшуда дар вазъи тантанавӣ бо парчами ҳарбии қисми ҳарбии худ хайрбод гуфтанд.
Расо ду сол пеш дар ҳамин рӯзҳо ин ҷавонони навхат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои адои хизмати ҳарбӣ даъват шуда буданд ва инак, баъди гузашти 24 моҳ хизмати онҳо ҳам ба анҷом расид ва соате фаро омад, ки заҳамоту талошҳои дусолаи хешро ҷаъбаст кунанд ва баргарданд ба ҳаёти пешин. Онҳо ба эҳтиёт рухсат мешаванд ва ҳарчанд муҳлати хизмати ҳарбияшонро адо кардаанд, вале барои дифоъ аз марзу бум ва таъмини амнияти кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.
Хизматчиён таассурот ва хотироташонро аз ин ду соли хизмат иброз медоштанд, ҳисс мешуд, ки акнун хотири болида доранд, ки бо сарбаландӣ ин имтиҳони муҳимро пушти сар гузоштанд, бо як ҷаҳон ҳисси ифтихор қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан адо кардаанд. Ба наваскарон мегуфтанд, ки онҳо набояд тарсе аз хизмат дошта бошанд, чун ин ду сол басо зудгузар ва хотирмон хоҳад буд.
«Хизмат басо зуд гузашт ва гумон мекунам хеле осон ҳам буд. Лаҳзаҳои хотирмони зиёде ҳастанд, ки дар ёдамон мемонад. Дар ин муддат мо хуб обутоб ёфтем, аз ҷавони навхати дирӯз ба як мудофеи амнияти мардуму марзу буми Ватан табдил ёфтем. Ҳамдигарро хуб шинохтем, дӯстони нав пайдо кардем ва мураббиёни хуб барои зиндагӣ аз ҷумлаи афсарон низ пайдо кардем. Дарси садоқате, ки аз онҳо омӯхтем фаромӯшношуданист”,- гуфт сарбоз Боев дар суҳбат.