Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намояндаи ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Чоп шуд: 24/10/2017 | adminСарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва намояндаи низомии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ таъкид карданд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо сарварии Намояндагии ҳарбӣ Даниэл Н.Зайтунян баргузор шуд.