Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва намояндаи низомии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ таъкид карданд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо сарварии Намояндагии ҳарбӣ Даниэл Н.Зайтунян баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои имконпазир ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии наҷтдиҳандагон, таъсиси давраҳои омӯзишӣ барои равоншиносон, хадамоти кинологии КҲФ дар оянда, тарҳҳои муштараки нав миёни КҲФ ва Сафорати ИМА, табодули таҷриба, расонидани ёриҳои методӣ дар роҳандозии амалиётҳои садамавиву наҷот ҳангоми офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ сарвари Кумита ба меҳмонон дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда нақл кард ва зикр намуд, ки ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар метавонад самаранокии кори наҷотдиҳандагон дар ояндаро беҳбуд бахшад, чун ҳадафи мо ягона аст: наҷоти ҳаёти инсон.
Ҷаноби Зайтунян ба сарвари КҲФ барои пазироии гарм изҳори ташаккур кард ва ба кори Кумита дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ баҳои баланд дод.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки баргузории чунин дидору мулоқотҳо дар густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳо нақши муҳим хоҳад бозид.