Бо мақсади татбиқи амалии дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 10-уми феврали соли 2017 ироа шуда буд, КҲФ Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва пешгириву бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро таҳия карда буд.
Бар асоси Нақшаи мазкур кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави як қатор деҳаҳои атрофи шаҳри Панҷакент, ки дар соҳили дарёи Зарафшон ҷойгир шудаанд, дар мавзуъи : “Амалкарди ҳокимияти иҷроияи давлатии маҳаллӣ ҳангоми болоравии сатҳи об дар дарёи Зарафшон ва истифодаи неруҳо ва воситаҳои Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда” тамин баргузор кард.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, ки дар се зина гузашт, масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми баландшавии сатҳи об дар дарёи Зарафшон ва интиқоли сокинони деҳаи Ғарибаки ҷамоати Хурмӣ тамрин шуданд.
Дар рафти баргузории омӯзишҳо дараҷаи омодагии аҳолӣ дар ҳимоя аз обхезӣ, сел ва заминларза санҷида шуданд. Ҳамчунин омодагии нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти идории шаҳр ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар рафти ин тамринҳо омодагии иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ санҷида шуданд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ системаи хабаррасонии таъҷилии аҳолӣ дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдид он мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Гуфтанист, ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо дар ҷумҳурӣ идома доранд.