Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду коргари сохтмонро, ки ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ қариб буд аз ошёнаи ҳаштуми бино сарозер шаванд, наҷот додаанд.
Ин ҳодиса дар маҳаллаи 61-уми пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе рух дод. Ду корманди сохтмон дар як бинои нуҳошёна саргарми кор буданд ва дар ин асно як трос аз ду троси “гаҳвора” (люлька) канда шуд. Дар натиҷа ин ду коргар, ки дар дохил буданд, дар рости ошёнаи 8 дар ҳаво муаллақ монданд.
Шоҳидони айнӣ нақл карданд, ки яке аз ин ду нафар мувозинати худро аз даст дод ва қариб буд аз ҳаво ба замин сарозер шавад, вале шарикаш ӯро дошт ва онҳо то омадани кормнадони наҷоти Кумита дар оғӯши ҳамдигар истоданд.
Ба ҳаёти ин ду так таҳдиди мустақим буд ва нарасидани кӯмаки саривақтӣ метаовнист фоҷеаеро басари коргарон меовард. Вале хушбахтона кормандони наҷот сари вақт ба ҷойи ҳодса расиданд ин ду тан наҷот дода шуданд.
Ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонда шуд, вале ҳарду баъди ин худро тансиҳат ҳис карданд ва рафтан ба бемористонро рад карданд.