Сарбози наҷот

Наваскарони Кумита савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

20 –уми майи соли равон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанави савгандёдкунии наваскарон доир шуд.
Наваскарони воҳидҳои низомии Кумита дар аввалин моҳҳои оғози хизматашон дар сафи қувваҳои ҳарбӣ аз садоқаташон ба Ватан ва омода будан ба иҷрои ҳар амру фармон савганд ёд карданд.

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда маросими гусели сарбозони хизматашон ба анҷомрасида идома дорад

Дар се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозонеро, ки муҳлати хизматашон ба анҷом расида буд, бо эътои ифтихорномаҳо ва рутбаҳои ҳарбӣ гусел карданд.

Муродбӣ Ҳайдарова: Зан бо иффату покиаш зан аст

Як корманди собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суҳбат бо хабарнигори “Бонувони Тоҷикистон” гуфтааст, ки зан ҳамеша зан боқӣ мемонад, чӣ ҳарбӣ бошад, чӣ олими физику кимиё ё дилбохтаи ҳар касби дигар.
Муродбӣ Ҳайдарова аз ҷумлаи собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Даричаи ошноӣ: Қисми ҳарбии рақами 45025

Қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 479 аз 27 ноябри соли 1999 ва фармони Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 062  аз 24 – уми декабри соли 1999 ташкил шудааст.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Чандин тан аз ҷумлаи кормандон ва хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ соҳиби ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо шуданд.
23-уми феврали соли 2017 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.  Ҷонишини Раиси Кумита, полковник  Муњаммадҷон Салимзода

Страницы