Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда маросими гусели сарбозони хизматашон ба анҷомрасида идома дорад

Дар се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозонеро, ки муҳлати хизматашон ба анҷом расида буд, бо эътои ифтихорномаҳо ва рутбаҳои ҳарбӣ гусел карданд.

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии гусели сарбозон ба эҳтиёт идома дорад.

Ахиран дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар қаламрави ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ ва вилояти Суғд воқеъ мебошанд, маросими гусели сарбозони муҳлати хизматашон ба анҷомрасида баргузор шуд. Дар ин ҷамъомадҳо аз номи роҳбарияти Кумита матни табрикотӣ ва изҳори миннатдорӣ барои хизмати садоқатмандона ба нафъи Ватан қироат карда шуд. Ба ҳамаи онҳо шаҳодатномаҳои ҳарбӣ, медалҳо, ифтихорномаҳо ва ба иддае рутбаҳои ҳарбӣ супурда шуданд. 

Аз ҷумла, дар қисми ҳарбие, ки дар қаламрави вилояти Суғд воқест, барои анҷоми бомуваффақияти хизмат сарбозони фаъол аз номи роҳбарияти КҲФ бо медалҳо ва шаш нафари онҳо бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Мукофотҳоро фармондеҳи қисми ҳарбӣ, подполковник Фазлиддин Назарзода супурд. Вай ҳамчунин волидони сарбозонеро, ки дар ин маросим ширкат доштанд, муборакбод кард ва дар бораи ду соли хизмат дар қисми ҳарбӣ суханронӣ намуд. 

Дар маросими расмии гусели сарбозон дар қисмҳои ҳарбии ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ, фармондеҳони ин воҳидҳои низомӣ полковник Иззат Қурбонов ва майор Ҷамшед Солеҳов зимни суханронии худ дар назди ҷамъомадагон онҳоро барои хизмати садоқатмандона, иҷрои сарбаландонаи уҳдадориҳои ҳарбӣ муборакбод карданд ва ба хизмати шоёнашон баҳои баланд доданд. Гуфтанд, ки “Шӯмо қарзи ҳарбии худро бо садоқат ва шараф иҷро кардед. Аз якояки шумо барои хизмати шоиставу намунавӣ ва ҷасорату омодагии ҳамешагӣ баҳри иҷрои қарзи ҳарбии худ миннатдорем!. 

барчасп: