Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда маросими гусели сарбозони хизматашон ба анҷомрасида идома дорад
Чоп шуд: 12/04/2017 | admin
Дар се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозонеро, ки муҳлати хизматашон ба анҷом расида буд, бо эътои ифтихорномаҳо ва рутбаҳои ҳарбӣ гусел карданд.