Як корманди собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суҳбат бо хабарнигори “Бонувони Тоҷикистон” гуфтааст, ки зан ҳамеша зан боқӣ мемонад, чӣ ҳарбӣ бошад, чӣ олими физику кимиё ё дилбохтаи ҳар касби дигар.
Муродбӣ Ҳайдарова аз ҷумлаи собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аммо ҷолибтар аз ҳама дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, факултаи китобдорист. Вале баъдан факултаи ҳуқуқшиносиро дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон хатм кардааст. Яъне, дорандаи ду таҳсилоти олист. Ҳоло бо рутбаи подполковник дар вазифаи сардори зершуъбаи сафороии Раёсати ақибгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода фаъолият мекунад.
Ва мепурсам, ки ин касбро чӣ гуна интихоб кард? Бароям ҷолиб буд, ки китобдор дар сар андешаи дигар парварид ва худро ба домани донишкадае зад, ки аслан иртиботе ба пешааш надошт. Шояд пушаймон шуд, ки баДонишкадаи санъат рафту панҷ соли умраш зоеъ гузашт?
“Дар ҳақиқат пешаи афсарӣ кори мардон аст ва аксари ҳамкасбони мо аз зумраи онҳоянд,-мегӯяд ӯ. - Вале чаро мо садд гузорем, ки ин кори мардонаву он кори занона? Дуруст аст, ки дар олам корҳое ҳастанд, ки яке вежаи занон асту дигаре вежаи мардон. Вале гумон намекунам, ки дар кори афсариву сарбозӣ ин ҳукм дуруст бошад. Ва дар гузашта борҳо орзу ҳам карда будам, ки либоси афсарӣ дар бар мисли мардон омодаи ҳифзи Ватан бошам”.
Метавонам ба суханонаш бовар кунам ва чаро бовар ҳам накунам? Вай имрӯз тадриҷӣ ба рутбаи подполковникӣ расидааст ва як шуъбаро ҳам роҳбарӣ мекунад. Магар дар мақомоти қудратӣ ашхоси тасодуфиро сарвар таъин менамоянд?
Муродбӣ гуфт, ки замони мактбахонӣ фикри сарбозиву афсарӣ дар сараш пайдо шуда буд ва ангезааш он буд, ки дар назди хонаашон як қисми ҳарбӣ мавқеъ дошт. Ҳар субҳ, ки мактаб мерафт, роҳаш аз назди ин қисми ҳарбӣ мегузашт ва садои мутантани созҳо, ки сарбозону афсаронро ба сафороӣ мехонд ва ё машқҳои сарбозӣ мекарданд, диққаташро мекашид. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки муддате таваққуф мекард ва ба ин садо гӯш фаро медод. Бо гузашти моҳҳо ин овою оҳанг як навои ошно шуд, ба гӯшаш форам мерасид ва хеле ҳолатҳое буданд, ки то анҷом онро мешунид ва баъд ба роҳаш идома медод.
Гумон мекунам ин як кунҷковии кӯдакона буд. Аммо баъдтар зери таъсири он рафт, шавқу рағбаташ бедор шуд. Мехост як фармондеҳ бошад, ҳаддиақал даҳ – дувоздаҳ нафарро зери итоат дошта бошад. Орзуи бачагӣ.
Аз пешаи аввал интихобкардааш напурсидам, чун дидам, ки ҳоло аз касбаш розист. Ва мегӯяд, замон дигар мешавад, аммо низоми ҳарбӣ ҳамоне мемонад, ки буд. Мардону занони низомӣ бигзор кишвар орому босубот бошад ҳам, як нафас ҳақ надоранд эҳсоси хотирҷамъӣ дошта бошанд. Мо ҳамарӯза тармим мекунем, мо бояд ҳамеша омода ба иҷрои вазифаҳо бошем. Низомиён шаб роҳат надоранд, онҳо 24 соат дар як шабонарӯз омодаи хизмат ба Ватананд.
- Аслан худи кори ҳарбӣ масъулияти дигар дорад. Он танҳо либос дар бар кардан нест ва ҳамин сарулибос ҳам ба худ хос масъулият дорад. Аз мо ҳар рӯз иҷрои қотеъи вазифаҳо талаб мешавад, моро назорат мекунанд ва ин хуб аст, зеро низом хароб намешавад,-мегӯядӯ.
Мепурсам, ки зан то куҷо ба ҳифзи рози ҳарбӣ қодир аст? Ва посух медиҳад, ки зан ҳам мисли мардон вазифадор аст, то аз роздорон бошад, вагарна ӯ афсар нест. Рутба ва вазифаҳоро бо гузашти солу андӯхтани таҷриба медиҳанд ва сирдорӣ ҳам аз ҷониби роҳбарият ва хадамоти назоратӣ омӯхта мешавад. Яъне, то зане ё мардеро ба рутбаи ҳарбӣ ё ба вазифаи масъул пешниҳод кунанд, ин ҳамаро меомӯзанд, ки то куҷо ӯ ба Ватанаш содиқ аст. Ва садоқат ба Ватан шарти хеле муҳими низомиён бувад. Мо ба номи Ватан қасам ёд мекунем, ки онро чун ҷони худ ҳифз хоҳем кард ва агар сиррашро ошкор кунем, пас мо чӣ муҳофизем?
Аммо бароям донистани нуктаи дигар ҳам муҳим буд. Зан пеш аз ҳама модар аст ва модар наметавонад дар шабонарӯз 24 соат ғоиб аз назди фарзандонаш бошад.
- Ман ифтихор мекунам, ки афсари ин Ватанам, вале дар баробари ин қарзи худ медонам, то фарзандони содиқу донишманд ба воя расонам. Аммо ҳоло ин масъулиятро надорам, чун оиладор нестам ва замоне, ки соҳиби хонавода шавам, ҳатман масъулияти модариро низ ба дӯш мегирам.
Низомиён ифтихороти вежаи ватандорӣ доранд. Онҳоро дар ҳамин руҳия тарбият мекунанд, чун як бахши муҳими фаъолияти онҳо ҳимояи арзишҳои бунёдии Ватан аст, ҳифзи марзубум, ҳифзи якпорчагии он аст. Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазифаҳои дигар дорад: пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ. Бахши низомии он низ ба ҳамин хотир аст. Ҳар ҷойе агар сел вайрон кард ё заминларза хароб намуд, ярч омад ва ободиҳоро нообод кард, ба кӯмаки ҳамин сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита ниёз пайдо мешавад. Ин аст, ки онҳоро сарбозони наҷот меноманд.
Пас занони низомӣ метавонанд тадриҷан сифоти занонаро аз даст диҳанд ва ба мардон баробар шаванд?
Муродбӣ мегӯяд ҳаргиз ба ин гуна андешаҳо розӣ нест. Зан зан аст ва дар ҳар маврид вай наметавонад сифати мардӣ ба худ гирад. Дуруст аст, ки кори ҳарбӣ ҷасорат мехоҳад. Магар таърих занони ҷасурро кам ёд дорад? Магар он қаҳрамонзанон хислати мардӣ ба худ гирифтанд? Ҳаргиз. Зан ҳамеша зан боқӣ мемонад, чӣ ҳарбӣ бошад, чӣ олими физику кимиё ё дилбохтаи ҳар касби дигар.
Ва боз мегӯяд, дар замони мо ҳамин зан будан ҳам мушкил аст. Зан будан дар ҷомеа масъулияти дигар ҳам дорад. Зан нишони покиву иффат аст ва агар ҳамин покиву иффат набошад, дар ҷомеа обрӯи худро мерезонад.
Раҳима Аъзам, “Бонувони Тоҷикистон”