Табрикоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Чоп шуд: 10/03/2017 | adminМуҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод мекунад. Дар кишвари мо рӯзноманигорӣ ҳамеша миёни мардум муҳтарам буд. Журналистикаи Тоҷикистон басо фаъолона рушд мекунад ва бо талоши зиёд технологияи нав ва шаклҳои ҷадиди интишори ахборро аз худ менамояд.