Ҳудудан 60 тонна кӯмаки башарии Узбекистон ба сокинони аз офатҳо зарардидаи Тоҷикистон расид.
7 – уми марти соли 2017 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, дорувору, маводи сохтмон, ангишт ва сару либоси гарм расид. Ҳаҷми умумии кӯмаки башарӣ наздик ба 60 тоннаро ташкил дод.
Кӯмаки башарӣ таҳти сарпарастии як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Убекистон бо сарварии ҷонишини аввали вазир, полковник Комилҷон Орипов расид.
Ҳайати Узбекистонро дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ” Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ҷонишини директори Агнетии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон С. Зиёдуллоев ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ш.Шоисломов истиқбол гирифтанд.
Сарвари Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда дар суханронии худ ба ҷониби Узбекситон барои пуштибонӣ аз аҳолии зарардидаи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Вай ҳакориҳо миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Узбекистонро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баланд арзёбӣ кард.
Полковник Комилҷон Орипов, намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон зикр намуд, ки ёрии башарӣ ба Тоҷикистон ин як намунаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни ду кишвар ва халқҳоест, ки бар пояи дӯстии анъанавӣ побарҷост.
Ҷаноби Ш. Шоисломов қайд кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оянда низ талошҳояшро барои таҳким ва рушди равобит миёни ду кишвар идома хоҳад дод.