Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод мекунад. Дар кишвари мо рӯзноманигорӣ ҳамеша миёни мардум муҳтарам буд. Журналистикаи Тоҷикистон басо фаъолона рушд мекунад ва бо талоши зиёд технологияи нав ва шаклҳои ҷадиди интишори ахборро аз худ менамояд.
Дар саҳифаҳои матбуот бештар аз пештар маводҳои зиёди ҷолиб, мақолаҳои таҳлиливу иттилоотӣ бо равишҳои ғайристандартӣ ва афкори тозаву муфид чоп мешаванд. Ба шарофати ин сокинони кишвари мо метавонанд аз яке аз ҳуқуқҳои муҳими конститутсионии худ – ҳуқуқи озодона дарёфт кардан ва паҳн намудани ахбор самаровар истифода баранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳакориҳо бо ҷомеаи журналистии кишвар манфиатдор аст. Танҳо тавассути ҳамкориҳои зичу устувор бо Шумо муяссар хоҳад шуд, ки вазифаҳои банақшагирифташуда дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ роҳи ҳалли худро пайдо кунанд.
Дар ин рӯз ғайра аз орзуи анаъанавии саломатӣ, комгорӣ ва комёбиҳои эҷодӣ бароятон хонандагон, бинандагон ва шунавандагони фаъолу вафодорро таманно дорем. Зеро маҳз онҳо ба таври комил метавонанд талошҳои шумо, тавоноии эҷодӣ ва касбияти шуморо дар касби душвори рӯзноманигорӣ арзёбӣ кунанд.
Бо эҳтироми самимӣ ҳайати шахсии Кумита.