Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Чандин тан аз ҷумлаи кормандон ва хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ соҳиби ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо шуданд.
23-уми феврали соли 2017 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.  Ҷонишини Раиси Кумита, полковник  Муњаммадҷон Салимзода ҳайати шахсиро ба ин муносибат муборакбод кард.
Вай зимни суханронӣ аз ҷумла гуфт:  “Ин ҷашнвора ҳамеша рамзи ҷасорату мардонагӣ, шараф ва виҷдон буду ҳаст. Шуморо ба ин муносибат самимона табрик мегӯем ва бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хонаводаатон осоишу некуаҳволии ҳамешагӣ таманно дорем”.  
Муњаммадҷон Салимзода  ҳамчунин зикр кард, ки корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳама ҳолатҳо, рӯз аст ё шаб омода аст ба кумаки офатзадагон шитобад ва ин беҳтарин сифати мардонагист, ки ба он танҳо мардони воқеъӣ қодиранд.
Вай ҳамчунинин изҳор дошт, ки аз замонҳои хеле қадим ҷанговарон миёни мардум маҳбубият доштанд ва касби мушкилу хатарноки ҳимояи Ватан аз ҷумлаи пуршарафтарин касбу кор буд. Арзишҳое чун муҳаббат ба Ватан ва қарзи ҳарбӣ барои ҳамаи мудофеини Ватан муқаддас ҳисобида мешуданд. Ва инро дар Кумита бо ҳама ҷузъиёташ дарк мекунанд ва ба он эҳтиром мегузоранд.
Барои нишондодҳои хуб дар кор кормандони ва хизматчиёни КҲФ соҳиби мукофотҳои идора, Ифтихорномаҳо ва номаҳои миннатдорӣ шуданд.

барчасп: