Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои интихоби довталабон ба таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Русия озмун эълон мекунад
Чоп шуд: 16/02/2017 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои таҳсили 2017-2018 озмун эълон мекунад. Дар озмун танҳо ҷавонмардони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.
Таҳсил самти “Амнияти техникӣ” (омодагии “Ҳимоят дар ҳолатҳои фавқулодда”)-ро дар бар хоҳад гирифт.