Activities calendar

11 феврали 2017

Ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода

10-уми феврали соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар панҷ соли охир

10.02.2017 12:08, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки мушоҳида мекунед, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳодисаҳои табиӣ ва геологиву гидрологӣ, аз қабили боронгариҳои тӯлониву  обхезӣ, омадани селу ярч, боридани барфи зиёду фаромадани тарма, инчунин, заминларза ба