Наҷоти мошин ва мусофирони он аз зери тарма
Чоп шуд: 15/02/2017 | adminКормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як мошини зери тарма мондаро бо ронанда ва чор мусофири он аз зери тарма берун кашиданд. Яке аз мусофирон зане бо тифли хурдсолаш буд.
Бар асари лағзиши тарма, ҷамъшавии ғарамҳои барф дар 68-умин километри роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд соати 22:30 дақиқаи шоми 14-уми феврали соли равон мошини тамғаи “Опел-Зефира” бо ронанда ва чор мусофираш зери барф монд. Дар миёни ин чор тан зане бо тифли кӯчак низ буд. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.