Кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як мошини зери тарма мондаро бо ронанда ва чор мусофири он аз зери тарма берун кашиданд. Яке аз мусофирон зане бо тифли хурдсолаш буд.
Бар асари лағзиши тарма, ҷамъшавии ғарамҳои барф дар 68-умин километри роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд соати 22:30 дақиқаи шоми 14-уми феврали соли равон мошини тамғаи “Опел-Зефира” бо ронанда ва чор мусофираш зери барф монд. Дар миёни ин чор тан зане бо тифли кӯчак низ буд. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.
Ба огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавриди хатари тарма ва яхбандӣ дар роҳҳо нигоҳ накарда, чархҳои мошин бо шинҳои зимистонӣ иваз карда нашуда буданд ва ронанда бо вуҷуди он ки медонист бо роҳҳои пурхатар сафар мекунад, чораҳои бехатарӣ наандешида буд.
Ба ёрии ҷабрдидагон наҷотдиҳандагони Кмитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эъзом шуданд ва бо талоши онҳо ин мошин бо ронанда ва мусофиронаш аз зери ғарами барф берун кашида шуд ва онҳо тавонистанд ба роҳи худ ба самти Хуҷанд идома диҳанд.
Аз сабаби гармӣ, нарм шудани барф дар офтобрӯяҳо, ҳамчунин боронҳои зиёд дар манотиқи куҳӣ хатари лағзиши тарма бештар шуд. Эҳтимолияти фаромадани тармаи тар, ки ба маротиб вазнинтар аст, вуҷуд дорад. Маврид ба таъкид аст, ки фишори тармаи тар дар 1 метри мураббаъ ба 50 тонна баробар аст!
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои куҳӣ ва трамахез худдорӣ кунанд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат ба маҳалҳои куҳӣ ва ё минтақаҳое, ки хатари тарма таҳдид мекунад, бояд ҳатман масофаи таъиншуда миёни мошинҳои дар ҳоли ҳаракатро риоя кунанд. Ҳамчунин қабл аз сафар мошинҳои худро бо таҷҳизоти зарурии амниятӣ таъмин намоянд.