Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар то 20 феврали соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид боқӣ монда, боришоти зиёд - дар водиҳо борони пуршиддат ва дарозмуддат, дар ноҳияҳои кўҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад.
Дар ин робита эҳтимолияти болоравии сатҳи оби дарёҳо, лағзиши тарма ва сангрезиҳо, инчунин яхбандӣ ва ҷамъшавии ғарами барфҳо дар роҳҳои кўҳӣ дар назар аст.
Сарфи назар аз огоҳиҳои мунтазами Кумита оид ба хавфу хатар, на ҳама ба онҳо гӯш доданд, ки он мутаассифона боиси марги шаҳрвандон гашт.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки ба қадри имкон аз сафарҳо ба ноҳияҳои кӯҳистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд. Бехатарии Шумо аз эҳтиёткориатон вобастагӣ дорад. Ҳаёти худ ва ҳаёти наздиконатонро зери хатар нагузоред!