20 –уми майи соли равон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанави савгандёдкунии наваскарон доир шуд.
Наваскарони воҳидҳои низомии Кумита дар аввалин моҳҳои оғози хизматашон дар сафи қувваҳои ҳарбӣ аз садоқаташон ба Ватан ва омода будан ба иҷрои ҳар амру фармон савганд ёд карданд.
Дар ин маросим намояндагони Вазорати мудофиа, ҳукумати ноҳияи Шаҳринав, хонандагони синфҳои болоии наздиктарин мактаби қисми ҳарбӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар ин маросим зумрае аз волидони наваскарон, ки ба аёдати фарзандонашон омада буданд, ширкат карданд.
Полковник Ҷамшед Маҳмадзода-Ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо суханони табрикӣ ба сарбозон муроҷиат кард. Вай баъди муборакбодӣ бо боварӣ изҳор дошт, ки ҳар кадоме аз наваскарон дар тӯли солу моҳҳои хизмат аз рӯйи виҷдон қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан адо мекунад. “Чизи асосӣ дар хизмати мо ин ғамхорӣ ва эҳтиром ба шаҳрвандон, расонидани кӯмакҳои саривақтӣ ба ниёзмандон аст”,-гуфт Ҷамшед маҳмадзода.
Дар доираи барномаи ин маросим ва ин рӯзи фаромӯшношуданӣ кормандони бахши садамаву наҷот дар назди наваскарон амалеро намоиш доданд, ки дар ҳолати фавқулодда чӣ бояд кард.
Баъди ин наваскарон ба воҳидҳои низомӣ тақсим мешаванд ва онҳо ба омодагии ҳарбӣ шуруъ менамоянд.