Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби 11 техникаи муҷаҳҳази нав шуданд
Чоп шуд: 15/05/2017 | adminНеруҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби техникаи нав шуданд. Ба наҷотдиҳандагон шаҳодатномаҳо ба 11 адад мошинҳои садамавиву наҷот супурда шуданд, ки комилан муҷаҳҳаз буда, барои корҳои гуногуни наҷот пешбинӣ шудаанд.