Неруҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби техникаи нав шуданд. Ба наҷотдиҳандагон шаҳодатномаҳо ба 11 адад мошинҳои садамавиву наҷот супурда шуданд, ки комилан муҷаҳҳаз буда, барои корҳои гуногуни наҷот пешбинӣ шудаанд.
Ин техника дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори омодагӣ ва вокуниш”, моҳи августи соли 2016 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар чаҳорчӯби Хазинаи Трастови Барномаи Рушди СММ имзо шуда буд, супурда шуд.
Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Игор Лякин-Фролов, Сарвари шуъбаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, ҷаноби М.Рустамов, ҳамчунин намояндагони сафоратҳо ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.
Сарвари КҲФ дар суханронии худ ба ҷониби Русия барои таҳвили техника изҳори миннатдорӣ кард ва қайд намуд, ки техникаи мазкур бидуни шак ба наҷоти ҳаёти бисёр инсонҳо ва сабук кардани заҳамоти наҷотбахшон мусоидат хоҳад намуд.
Лоиҳаи муоҳадаи имзошуда то моҳи июли соли 2018-ро дар бар мегирад ва аз ин ду бахши муҳим иборат аст:
1. Ташкили системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳамоҳангсозӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар самти омодагӣ ба вокуниш;
2. Таҳкими зарфиятҳои воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.