Кӯҳнавардӣ ҳам дарси маҳорат дорад, вале баъзе касон гумон мекунанд доштани қувваву неру басанда аст, ки ба сахраҳои азим боло шаванд ва қуллаи пеши рӯро фатҳ кунанд. Сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён низ кӯҳбароиро саҳл мепиндошт, вале чун боло шуд, ба ҷойе расид, ки на маҷоли боло рафтан дошт ва на ҷуръати поин омадан. Ва агар телефони мобилиашро бо худ намедошт, кӣ медонад ҳолат чӣ мешуд. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамеша ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Дар нишебии пурхатари силсилакӯҳҳои деҳаи Диатоши шаҳри Леваканти вилояти Хатлон як ҷавони 27-сола аз ноҳияи Кушониён бо боварӣ ба неруву имкониятҳои худ хост худро дар кӯҳгардӣ санҷад. Вай мехост то 800 метр баланд барояд, вале вақте ба кӯҳ боло шуд, ба ҷойе расид, ки дигар на маҷоли поин шудан дошт ва на боло рафтан. Дигар наметавонист ба роҳаш идома диҳад ва ҳам наметавонист қафо гардад. Ҳолати басо ногувор ва таҳдиди хатар ба ҷони ҷавонашро ҳисс кард.
Аммо дар ҳамин ҳолат ба ёдаш расид, ки бояд касони дигарро ба кумак даъват кунад ва бо телефони мобилӣ, ки хушбахтона бо худ гирифта буд, ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон занг зад.
Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони воҳиди наҷоти Раёсат сари вақт расиданд. Ба шарофати амали фаврӣ ин “кӯҳнаварди ҳаваскор” ба зудӣ поин фароварда шуд ва аз хатар наҷот ёфт.
Бояд қайд кард, ки барои наҷотдиҳандагон вазифа танҳо аз он иборат нест, ки то ба назди ҷабрдида худро расонанд, балки расидану ба вай кумак кардан ва бехатар ба поин овардан муҳим аст. Дар ин ҳол танҳо бо ресмон поин овардани ҷабрдида кофӣ нест, балки ҳар замон бояд аз ҳоли вай бохабар буд. Ва ин мушкилтарин ҳолати наҷоти як инсони дармонда дар кӯҳ аст.
Замоне расидааст, ки бар асари омадани фасли истироҳат бисёре аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар талош мекунанд ба кӯҳҳо сайругашт раванд. Аммо дар аксар ҳолатҳо одамон имкониятҳои худро намедонанд, баландии кӯҳҳо ва хатари онҳоро ба назар намегиранд. Сайёҳон маъмулан самти ҳаракати худро ба қайд намегиранд ва аксар мавридҳо ба зери пои худ ҳам наменигаранд. Дар натиҷаи ин беэҳтиётиҳо захмҳои сабук мебардоранд, роҳро гум мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдовар мешавад, ки вақте шумо мехоҳед ба сайти куҳ бароед, зарур аст худро дар хадамоти наҷот қайд кунед. Агар танҳо меравед, пас хешовандонатонро дар ҷараён гузоред, бо худ ҳатман телефони мобилӣ дошта бошед, захираи об ва ғизо дошта бошед. Ҳамзамон бо ин одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро риоя намоед.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2017 наҷотдиҳандагони КҲФ бо роҳандозии 654 амалиёт 203 нафарро аз хатар наҷот додаанд.