Кормандони Кумита чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳо баргузор намуданд
Чоп шуд: 01/05/2018 | adminБо мақсади ташкили чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои мамлакат то оғози мавсими оббозӣ, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масҷидҳои шаҳри Бохтар бо имом-хатибон ва намозгузорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назди обанборҳо ва дохили он вохурӣ баргузор намуданд.