Кумита огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар шабонарузи охир дар ҷумҳурӣ тағйирёбии обу ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар бисёр минтақаҳо боришоти борон, сел, дар ноҳияҳои баландкуҳ бошад, барф меборад. Хатари осеб дидан аз раъду барқ, омадани сел ва сангрезиш хеле баланд мегардад.

Чунин номусоидии боду ҳаво нигоҳбинии чорворо душвор мегардонад.  Бар асари боришот эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар дарёҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании наздзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки  қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз рафтан ба соҳили дарёву кӯлҳо бо мақсади моҳидорӣ худдорӣ кунанд, аз ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, даст кашанд. 

Ҳамчунин ба шахсоне, ки аз бемориҳои дил ва фишорбаландӣ ранҷ мебаранд, тавсия медиҳем, ки миқдори кофии доруҳои таъиншударо бо худ дошта бошанд. 

Дар ҳоли хатар аз офатҳо бо телефони 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефони 223 13 11 занг занед.

барчасп: