Ба аҳолии Рашт гуфтанд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна худро бояд ҳимоя кунанд
Чоп шуд: 14/05/2018 | adminАҳолӣ бояд ба ҳар ҳолати фавқулоддаи эҳтимолӣ омода бошад. Бахусус касоне, ки дар нуқтаҳои осебпазир зиндагонӣ мекунанд. Бояд донанд, ки агар замин ларзад, чӣ бояд кард ва сел ояд, чӣ амал аз худ бояд нишон дод. Маъмулан офатҳои табиӣ ногаҳонӣ меоянд ва вақту соату замони дақиқ ва макони аниқ надоранд. Ин аз мардум тақозо мекунад, ки аввалтар аз ҳама худ ба офатҳои эҳтимолӣ омода бошанд.