Ба аҳолии Рашт гуфтанд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна худро бояд ҳимоя кунанд

Аҳолӣ бояд ба ҳар ҳолати фавқулоддаи эҳтимолӣ омода бошад. Бахусус касоне, ки дар нуқтаҳои осебпазир зиндагонӣ мекунанд. Бояд донанд, ки агар замин ларзад, чӣ бояд кард ва сел ояд, чӣ амал аз худ бояд нишон дод. Маъмулан офатҳои табиӣ ногаҳонӣ меоянд ва вақту соату замони дақиқ ва макони аниқ надоранд. Ин аз мардум тақозо мекунад, ки аввалтар аз ҳама худ ба офатҳои эҳтимолӣ омода бошанд.

Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар миёни аҳолие, ки дар қитъаҳои нисбатан хатарноки ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Рашт зиндагонӣ мекунанд, мулоқотҳои таблиғоти анҷом доданд. 

Дар ҷараёни дидору мулоқот мутахассисони Кумита ба аҳолӣ дар бораи лағзиши тарма, омадани сел, сангрезӣ ва заминларза маълумот доданд ва ба онҳо гуфтанд, ки дар ин гуна ҳолатҳои истирорӣ чӣ бояд кард. 

Ғайр аз ин гурӯҳи корӣ ба мақомоти худидории маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои  иҷрои вазифаҳои бар дӯшашон гузошташуда ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ёриҳои методӣ расонид.

Дар поёни ҳар мулоқот ба ширкаткунандагон дастуру китобчаҳои методие, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ омода шудааст, тавзеҳ мешуд.

 

барчасп: