Омӯзишҳои пайваста барои амалкард дар ҳолатҳои фавқулодда ҳамеша корсозанд. Малакаҳои наҷот таҳким меёбанд, кормандон зирактар мешаванд, омӯзиш ба дониш дониш зам мекунад ва ин ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ кумак мерасад, хатари офатҳоро ва зарари онҳоро коҳиш медиҳад.
Дар паи иҷрои нақшаи омодасозӣ ва бозомӯзии роҳбарони воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи аҳолӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита бо сарварони воҳидҳои КҲФ дар ноҳияҳои Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Рӯдакӣ ва чор ноҳияи шаҳри Душанбе дарсҳо баргузор карданд.
Ҳадафи дарсҳо омӯзиш ва иттилоърасонӣ ба роҳбарони воҳидҳои КҲФ:
- дар бораи равишҳои кори хадамоти мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳдид ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;
- дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мудофиаи гражданӣ;
- дар бораи Системаи давлатии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- усулҳои баргузории чорабиниҳои кӯчонидани мардум ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда;
- дар бораи системаҳо ва сигналҳои хабаррасонии аҳолие, ки дар наздикиҳои иншоотҳо ва маҳалҳои нисбатан хатарнок қарор доранд;
- дар бораи роҳу равишҳо ва қоидаҳои амал дар шароитҳои таҳдид ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Ҳамчунин ҳамаи маводҳои омӯхташуда, рӯнамоӣ ва санадҳои қонунӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ба воситаҳои электронии шунавандагон гузаронида шуданд, дастурҳои амалӣ, китобчаҳо ва плакатҳои гуногун оид ба ҳолатҳои фавқулодда тақсим карда шуданд.