Пешниҳоди тавсияҳо ба ворид намудани фарогирӣ (инклюзия) ба Стратегияи миллии коҳиши хавфи офатҳои табии Тоҷикистон"

Иштирокдорони як нишаст дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии имкониятҳои татбиқи як барнома ба боло бурдани зарфиятҳои ҳимояи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ҳангоми офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода таваҷҷӯҳ карданд. 

Дар доираи лоиҳаи Ҷаласаи ҳимояи оид ба "Боздиди сиёсатгузорӣ ва пешниҳоди тавсияҳо барои ворид намудани фарогирӣ (инклюзия) ба Стратегияи миллии коҳиши хавфи офатҳои табии Тоҷикистон" – ДИПЕКО-Х дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавзуъи “Шарҳи лоиҳаи сттратегия ва омодасозии тавсияҳо барои татбиқи фарогирӣ дар Стратегия милии коҳиши хатари офатҳо” баргузор шуд. 

Дар ҷаласа намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии кор бо одамони имкониятҳояшон маҳдуд, Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмони байналмилалии “Миссияи Шарқ” ва Агентии Оғохон оид ба Хабитат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. 

Ҳадафи ин ҷаласа татбиқи равишҳои фарогирӣ (инклюзия) дар Стартегияи милии коҳиши хатари офатҳо барои мусоидат ба пойдории аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ ба хатари офатҳои табиӣ буд. Дар ҷараёни ҷаласа диқати асосӣ ба ҳимояи одамони имкониятҳояшон маҳдуд дар ҳолатҳои фавқулодда ва боло бурдани зарфиятҳои онҳо равона шуд. 

Дар ҷаласа ҳамчунин тавсияҳои пешакӣ барои ворид намудани фарогирӣ дар Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ намоиш дода шуд.

барчасп: