Мулоқот бо наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, инчунин муаррифии дастовардҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар се қисми низомии КҲФ бо даъватшавандагон ба даъвати тирамоҳӣ бо собиқадори Кумита генерал-майори мустаъфӣ Орифов Б.М. мулоқот баргузор гардид. Мулоқот аз ҷониби кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, Раёсати Қӯшунҳо ва собиқадорони Кумита  ташкил карда шуда буд.
Иштирокдорони вохӯрӣ бо наваскарон оид ба таърихи қабули Конститутсия, Истиқлоли кишвар, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар, дар бораи ҷасорату мардонагии наҷотдиҳандагон дар рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ суҳбат намуданд. 
Собиқадори КҲФ генерал-майори мустаъфӣ Б.Орипов зимни суханронии худ таъкид намуд, ки хидмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавон ва шарафи олист. Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар тамоми қисмҳои низомии Кумита тамоми шароити зарурӣ барои хидмати сарбозӣ омода шудааст. 
Дар ҷараёни вохӯриҳо аз наваскарон даъват карда шуд, ки интизоми ҳарбӣ ва талаботи Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро риоя кунанд, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва омодаи ҳар амру фармони сарварони худ. 

 

барчасп: