Баргузории ҷаласаи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда дар Хоруғ
Чоп шуд: 21/11/2022 | adminПешгирии офатҳои табиӣ ва коҳиши хатар яке аз вазифаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Дар ҳамин иртибот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси ҳукумати вилоят Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ баргузор гардид.