Пешгирии офатҳои табиӣ ва коҳиши хатар яке аз вазифаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Дар ҳамин иртибот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси ҳукумати вилоят Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ду масъала – рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Дар бораи омодагии саривақтии бахшҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ ба чорабиниҳои мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳӣ - давраи зимистони солҳои 2022-2023» ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт".
Аз рӯи масъалаи аввал сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ полковник Мираков Н. суханронӣ намуда, оид ба омодасозии техникаву механизмҳои роҳсозӣ, инчунин захираҳои сӯзишворӣ дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумоти муфассал дод.
Аз рӯи масъалаи дуюм Раиси вилоят ҷиҳати ҷудо намудани маблағ ба ҳисоби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят супоришҳои мушаххас дод.
Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят пас аз баррасии ин масъалаҳо ҷиҳати беҳтар намудани кор ва ҳамкории сохторҳо дар масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар ҳолати рух додани онҳо супоришҳо дод.