9 ноябри соли 2023 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд.
Дар ин рӯз 106 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури наздикон, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи РСС Тоҷикистон ба Ватан савганд ёд карданд.
Сарбозон дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонони даъватшуда савганди садоқат ба Ватан ёд карда, қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона иҷро намуда, озодию истиқлолияти давлатии кишварро мардонавор ҳифз мекунанд.
Волидони онҳо, намояндагони фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ, инчунин меҳмонони даъватшуда сарбозони ҷавонро ба ин муносибат муборакбод карданд ва барояшон дуои хайр додаву комёбиву муваффақиятҳо ва анҷоми бо ситоишу таҳсини хидмати ҳарбиро таманно карданд.
Пас аз маросими тантанавии савганди ҳарбӣ муовини раиси Кумита, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидони наваскарон суҳбат карда, ба ҳама суолҳои онҳо посух доданд. Ба пайвандони наваскарон рақамҳои телефонҳои заруриро доданд, то дар ҳоли зарурат тавонанд дар тамоси мустақим бошанд.
Ҳамзамон волидону пайвандони наваскарон бо шароити будубоши сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шинос карда шуданд.