Паланги барфӣ дар Роштқалъа 14 сар чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷро куштааст. Ин чӣ ҷонварест ва чӣ бояд кард то шарри он эмин монд?
Чоп шуд: 07/11/2023 | redaktorТибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 5 ноябри соли 2023, тахминан соати 07:46 дақиқа сардори Бахши Раёсати Кумита дар ноҳияи Роштқалъа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар вилоят хабар дод, ки паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати деҳоти Тусиён ҳамла кардааст.