Наҷоти як гурба. Ин на аввалин ҳодисаи кумак ба ҳайвонот аст
Чоп шуд: 21/11/2023 | redaktorБегоҳии рӯзи гузашта як сокини кӯчаи ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад, ки дар шохи дарахти назди бинои истиқоматии онҳо гурбае дармондааст. Ин гурба то ба боло баромада ва акнун худ наметавонад мустақилона поин шавад.