Наҷоти як гурба. Ин на аввалин ҳодисаи кумак ба ҳайвонот аст

Бегоҳии рӯзи гузашта як сокини кӯчаи ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад, ки дар шохи дарахти назди бинои истиқоматии онҳо гурбае дармондааст. Ин гурба то ба боло баромада ва акнун худ наметавонад мустақилона поин шавад.

Ин бону гуфт, ки худаш хеле талош кард ёрӣ расонад, вале бенатиҷа. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии зинае, ки бо худ оварда буданд, боло шуданд ва гурбаи мискинро аз шохи дарахт поин овардаву ба соҳибаш супурданд. 

Ин аввалин ҳодисае нест, ки имдогарон ба наҷоти ҳайвонҳо низ даст мезананд. Аз ин пештар борҳо сагу гурбаҳои дар ҳоли мушкил мондаро аз ҳар ҳолат наҷот додаанд. 

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: