Силсилатавсияҳо дар оғози фасли сарди сол. Бахши 2. Гази карбон ва хатари он ба ҷони инсон
Чоп шуд: 09/11/2023 | redaktorБояд қайд кард, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад. Ҳангоми сӯзонидани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарноканд, ихроҷ мешавад.