Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ

8 ноябри соли 2023 баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо намуданд.  

Сипас, бо иштроки сарони кишварҳо 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода  ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”-ро имзо намуданд.

барчасп: