Оғози сардиҳои сол. Ҳушдор аз боронҳои пуршиддату селҳои эҳтимолӣ. Чӣ бояд кард? Силсилатавсияҳо. Бахши аввал
Чоп шуд: 08/11/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 8-9 ноябри соли равон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар қаламрави кишвар борон меборад (дар баландиҳо беш аз 2000 метр барф), дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди вилояти Суғд борон пуршиддат меборад.