Васфи Парчам дар суханони Пешвои миллат
Чоп шуд: 24/11/2023 | redaktorҶашни Рўзи парчам - эҳтиром ба рўҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рўҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.