Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандони тиббии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қисми ҳарбии Кумита, ки дар минтақа ҷойгир аст, 20 нафар кормандон аз курси дурӯза оид ба таъмини ёрии аввалин ба осебдидагон дар ҳолатҳои фавқулодда гузаштанд.
Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби кормандони тиббии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ва намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар омӯзиш шунавандагон бо паёмадҳои осеб ба узвҳои асосии инсон дар ҳолатҳои:
- таъсири қувваи барқ;
-ҳангоми сӯхтор;
- заҳролудшавӣ;
- сармохӯрдагӣ;
- хунравӣ ва ғайра шинос шуданд.
Ҳадафи ин омӯзишҳо аз худ кардани усулҳои нави ёрии аввалини тиббӣ ба осебдидагон дар ҳолатҳои фавқулода мебошад.