24 ноябри соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Сараввал муовини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд подполковник Қӯчаков Ҷамшед ҳамаи ҳозиринро табрик гуфта, доир ба таърих Парчами давлатӣ ибрози андеша намуд.
Вай гуфт: парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ, истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоишта ва мубориза баҳри зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.
Дар ҷаласа ҳамчунин қайд гардид, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.