Бо мақсади пешгирӣ за густариши вируси корона кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони кумитаи ноҳиявии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.
Бо ёрии техникаи махсуси таблиғотии КҲФ ва бо намоиш додани наворҳои омӯзишии видеоӣ аҳолиро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва беҳдоштӣ таблиғ намуданд.
Кормандони КҲФ талош карданд одитарин қоидаҳои риояи бехатарии шахсиро ба сокинон омӯзонанд ва онҳоро ташвиқ кунанд, ки дар хонаву кӯча ва нақлиёт, ҳамчунин дар ҷойи кор ин қоидаҳоро ҷиддан риоя намоянд. Саломатии ҳар инсон қабл аз ҳама дар дасти худи ӯст.
Баъди ҳар вохӯрӣ ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда мешуданд.