Ҷасади як марди 56-сола дар соҳили Сир пайдо шуд

Сокинони атроф зӯҳри рӯзи 16-уми июл дар соҳили дарёи Сир, воқеъ дар даромадгоҳи деҳаи Сартуқай сару либоси мардеро пайдо карданд. Худи ӯ дар ин атроф наменамуд, ҳарчанд ҷустанд, дар наздикиҳо шахсеро пайдо накарданд, ки белибос гардиш кунад. Пай бурданд, ки ин ҷо шояд касе ғарқи дарё шуда бошад. Навбатдори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин хабарро ба қисми навбатдории Раёсати Кумита дар  вилояти Суғд расонд.

Дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва  мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фавран бо ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд.

Соати 13:35 дақиқа 250-300 метр дуртар аз ҷои ҳодиса ҷасади сокини 56-сола кӯчаи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. 

Бино ба маълумоти пайвандонаш ӯ бегоҳии рӯзи 15-уми июл аз хона баромада, дигар барнагашта буд. Ҳоло Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабабҳои ин маргро таҳқиқ мекунад.  

 Маврид ба ёдоварист, ки зарфи шаш моҳи сипаришуда 34 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шуданд, ки 7 нафар онҳо афроди аз 35-сола боло буданд.

 

барчасп: