Дар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд. Аммо гурӯҳе аз донишмандони аврупоӣ баъди пажӯҳишу мушоҳидаҳо ин падидаро аз нигоҳи илмӣ шарҳ доданд. Барои ин онҳо чиро ба назар гирифтанд?
a) харитае, ки макони заминларза дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 дар маркази Италияро нишон медиҳад. Доираҳои марказашон умумие, одамон заминларзаро ҳисс карданд.
б) харитае, ки басо батафсил марказҳои заминларзаро, ки дар ҷараёни ин пажӯҳиш омӯхта шуданд, нишон медиҳанд, бахусус макони ҷойгиршавии молхонаҳо ва ҳамон чорвое, ки мавриди омӯзишу таҳқиқот қарор доранд.
в) натиҷаи амали гови дар оғил басташуда, ки ҳисгар дар гардани вай овезон буд.
Заминларза як ҳодисаи табиист, ки ба ҷони инсонҳо хатарҳои ҷиддӣ дорад. Гузашта аз ин он ногаҳонӣ ва бидуни кадом нишонае сар мезанад ва одамон наметавонанд онро пешгӯӣ кунанд, макон ва замони заминларза ҳамеша пешгӯинашаванда аст.
Имрӯз шеваҳои пешгӯӣ бар пояи маълумоти аз мушоҳидаҳо бадастомада ва арзёбии фаъолнокии сеймсикии он на дар ҳама ҷо имконпазир аст ва ҳатто ин гуна таҳлилҳоро наметавон дар ҳар ҷо роҳандозӣ кард. Маълумот дар мавриди фаъолнокии минтақаҳо зарфи сад соли охир ҷамъоварӣ мешавад ва ҳатто ин ҳам на дар ҳама маврид посухгӯи суолоти пажӯҳишҳои илмист.
Рафтори ғайримуқаррарии ҳавонот, ки заминларзаро пештар аз одамон ҳисс мекунанд, кайҳо мушоҳида шуда буд. Масалан пешбинии заминларзаи ноҳияи Хайчени Чин дар соли 1975 танҳо замоне муяссар шуд, ки ба рафтори ғайриодии морҳо ва курмушҳо назорат карданд. Ин ҷонварон як рӯз пеш аз офат минтақаи будубоши худро басуръат тарк карданд. Ҳарчанд дар ин бораи маълумотҳо аз ҳар гӯшаи олам зиёданд, вале ҳамоно барои як пажӯҳиши муътабару комилан илмӣ басанда набуданд.
Таҳқиқоти нави Пажӯҳишгоҳи омӯзиши рафтори ҳайвоноти Ҷамъияти Макс Планк билохира тасдиқ намуд, ки ҳавонот қодиранд ин гуна дигаргуниҳои табииро қабл аз вақт эҳсос намоянд.
Барои исботи ин мебоист се шароитро меомӯхтанд: ҳайвонот мебоист дақиқ замони рух додани заминларзаро муайян мекарданд, рафторашон тағйир меёфт. Мушоиҳидаҳои ҳаррӯза мебоист амалан аз мушоҳидаҳои маъмулӣ фарқ мекард. Дар бисёре аз маърӯзаҳои илмӣ, ки дар атрофи ин масъала навшта шуда буданд, ин шартҳо сарфи назар шуда буданд.
Олимон таҳти роҳбарии Мартина Викелски ба чанд ҳайвоне, ки ба заминҷунбӣ ҳассосияти хос доранд, ҳисгар (сенсор - Sensor –абзорест, ки ба як муҳаррики физикии хос вокуниш нишон медиҳад ва як сигнали электрикии қобили андозагирӣ тавлид мекунад) дар молхонаи рустои Каприл воқеъ дар Италия насб карданд. Ба ин шумул шаш гов, панҷ гӯсфанд ва ду саг шомил буданд. Дар замони мушоҳида аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи апрели 2017 дар ин минтақа бештар аз 18 ҳазор такони замин, ки ҳадди баланди он то 6,6 балл тибқи ҷадвали Рихтер буд, рух дод. Гурӯҳ он гунаи ҳайвонотеро интихоб кард, ки ба фаъолнокии минтақаи мавриди пажӯҳиш вокуниш нишон медод. Инҳо ё такон дар наздикии молхона буд ё дуртар аз он.
Баъдан олимон рафтори ҳайвонотро омӯхтанд ва онро бо харитаи фаъолнокии сейсмологӣ (ларзашиносӣ) муқоиса карданд. Маълум шуд, ки он тақрибан дар ҳар як-бист соат дигаргун мешавад: ҳар қадар, ки ҳайвонот ба маркази заминларза наздик бошанд, ба такони замин пештар вокуниш нишон медиҳанд. Ҳамзамон бо ин донишмандон муайян карданд, ки ҳисси заминларзаи қарибулвуқӯъ дар галаи ҳайвонот осонтар аст, назар ба як ҳайвони танҳо.
Аммо пажӯҳиш ҳоло ҳам суолоти зиёди беҷавоб дорад. Он ки ки ҳайвонот қабл аз такони замин онро ҳисс мекунанда, ин солиёни дароз маълум буд. Ҷониби дигари масъала, ки таҳқиқи бештар мехоҳад, он аст, ки чӣ водор мекунад, ки ин ҷонварон ба заминларза қабл аз вуқӯъи он вокуниш нишон диҳанд. Донишмандон ҳоло ба ин назаранд, ки агар ин таҳқиқоташон идома кунад, дар наздиктарин фурсат ҷанбаҳои номаълуми вокуниши ҳайвонот ба заминларза ва дигар ҳодисаҳои табиӣ мушаххастар мешавад.
Манбаъ: naked-science.ru